Сабти ном

Фарзанди Шумо чӣ гуна метавонад ба мактаби байналмилалии «Контакт» дохил шавад?

1. Боркунӣ ва пур намудани шакли бақайдгирии татбиқшуда, баъдан ба суроғаи admissions@kis.tj  фиристодан;

2. Масъули мактаб сабтҳо ва натиҷаҳои санҷишҳои ҳар як довталабро  баррасӣ мекунад;

3. Мо суҳбат мегузаронем ва баҳои фарзанди Шуморо муайян мекунем.

Барои интихоби МТ мактаби байналмилалии  «Контакт» баҳри таълими фарзандатон сипосгузорем! Агар суолҳо аз рафти сабти ном доред, бо сабткунандаи мо Суҳроб Абдуллоҷонов admissions@kis.tj.  тамос гиред. Мо Шуморо пешвоз мегирем ва  метавонем дархости фарзанди Шуморо муҳокима кунем.

Комиссияи қабул натиҷаҳои ҳамаи довталабонро барои муайян кардани синфҳои ибтидоӣ, миёна ва болоӣ  баррасӣ менамояд.

Сабти академӣ  дар раванди бақайдгирӣ муҳим аст. Варақаҳои ҳисоботи мактаб бояд нусхаҳои расмии ҷойҳои таҳсили қаблӣ бошанд. Агар варақаи ҳисоботи хонанда ба забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд, онҳо бояд ба забони давлатӣ – тоҷикӣ тарҷума шаванд. Тарҷумаи тасдиқшуда бо бланки варақаи ҳисоботи хонанда аз ҷойи таҳсили қаблӣ бояд бошад. Дар ҳолати набудани варақаи ҳисоботи хонанда дар синфҳои ибтидоӣ, аз ҷойи таҳсили қаблӣ мактуб бо баҳоҳои тасдиқкунандаи итмоми соли хониш дархост намоед.

 МТ мактаби байналмилалии «Контакт» барномаҳои таълимии ба забони англисӣ ва русиро барои хонандагоне, ки дохил шудаанд, аммо қобилияти сусти забономӯзӣ доранд, пешниҳод менамояд. Ҳадафи барномаҳои мазкур дар давоми 2 сол ҳамгиро кардани хонандагон ба муҳити синфии мунтазам мебошад.

Интизор меравад( дар назар аст), ки сатҳи забондонии забонҳои русӣ ва англисии хонандагони синфҳои миёна аз хонандагони синфҳои ибтидоӣ тафовут дошта бошад.

Аз хонандагони синфҳои миёна ва болоӣ талаб карда мешавад, ки дар тестҳои қабул яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Баҳоҳои тарҳрезишуда барои дуруст муайян намудани ҷойгоҳи фарзанди Шумо дар барномаи мо кӯмак мекунанд.

Пеш аз дохилшавӣ, намояндаи мактаб дархост ва натиҷаҳои тестҳои  ҳар як довталабро ба хотири муайян намудани суҳбат ва ё банақшагирии  курс меомӯзад. Хоҳиш карда мешавад, ки ҳадди ақал яке аз волидон довталабро ҳангоми суҳбат  ҳамроҳӣ намоянд. Тибқи сиёсати  низомномаи  МТ мактаби байналмилалии «Контакт», довталаб бояд дар манзили доимӣ ҳадди ақал бо яке аз волидон ва ё васии қонунӣ зиндагӣ кунад.

l

Варақаи бақайдгирӣ

Ин ва дигар варақаҳои сабти номро зеркашӣ ва пур кунед ва ба почтаи officemanager@kis.tj фиристед

Шакли бақайдгирии онлайн

Дархости онлайнро ба мактаб пур кунед