Хуш омадед ба мактаби байналмилалии Контакт

Дар мактаби байналмилалии дузабонаи мо – «Контакт» таълим дар асоси барномаи таълимии байналмилалии IB ва барномаи таълимии «Школа России» ба роҳ монда мешавад. Барномаҳои таълимии мазкур бо унсурҳои аз таҷрибаи таълимии байналмилалӣ гирифташуда такмил дода мешаванд. Инчунин, стандартҳои педагогии дар мактаби байналмилалии «Контакт» таҳияшуда низ баҳри такмили барномаҳои таълимии фавқуззикр хизмат менамоянд. Хонандагоне, ки мактаби байналмилалии «Контакт» -ро хатм менамоянд, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, алалхусус, Бритониёи Кабир, Малайзия, Русия ва ИМА омода мешаванд.

Таълими дузабона

Дар ҳар синфхона омӯзгорони русзабон ва англисзабон мавҷуд буда, эшон бо навбат кӯдаконро баробар таълим медиҳанд. Ташаккули маҳорати забонии забонҳои русӣ ва англисӣ арзиши аввалиндараҷа дорад. Аз ин лиҳоз, мактаби байналмилалии «Контакт» дар асоси нақшаи таълимии барномаҳои таълимии байналмилалии IB ва «Школа России» хониши дузабонаро такмил медиҳад. Илмҳои ҷомеашиносӣ ва математика баҳри ғанӣ гардонидани фонди луғавии хонандагон ба ду забон таълим дода мешаванд.

Соатҳои дарсӣ

Дарсҳо аз соати 8:30 то 15:00 идома меёбанд. Ғайр аз ин, рӯзҳои дарсӣ ба фосилаҳои мунтазам бо  вақти худомӯзӣ, бозиҳо ва танаффусҳо тақсим мешаванд.Мо назорати корҳои хонагиро аз соати 15:00 то 16:00 пешниҳод менамоем. Инчунин, фарзандони Шумо аз соати 16:00 то 18:00 метавонанд, аз клуби мактаб боздид намоянд, бихонанд, бозӣ кунанд ё истироҳат намоянд.

Ҷумҳурӣ тасдиқ намудааст.

Мактаби байналмилалии «Контакт» аз ҷониби Ҷумҳурӣ  тасдиқ шудааст (эътироф шудааст).